14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, инчунин масоили мубрами минтақавӣ баррасӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон баҳри рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он, талошҳои зарурӣ ба харҷ медиҳад”.
Масоили густариши робитаҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, энергетика, аз ҷумла ҷалби маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, муҳокима гардид.
Дастгирӣ ва тақвият додани соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, зарур шумурда шуд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори тавсеаи технологияҳои “сабз” мебошад ва дар доираи Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” то соли 2037 азм дорад, ки истеҳсоли неруи барқро пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монад. Дар ин замина афзоиши тавлиди “энергияи сабз” яке аз роҳҳои асосии табдил додани Тоҷикистон ба кишвари “сабз” маънидод шуд.
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби барномаҳои БОМКА, КАДАП ва ЛЕЙКА таъкид гардид.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, ҳамкорӣ дар мубориза ба хавфу таҳдидҳои амниятию муҳитзистӣ, муқовимат бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ низ аз мавзуъҳои суҳбат буд.