Сеюми ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷон Керриро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америка баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олимақомро «нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба рушду таҳкими муносибатҳои дарозмуддат ва равобити мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон» арзёбӣ намуда, изҳор дошт: «Ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка аз муҳимтарин авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва барои густариш додани чунин ҳамкории созандаю самараовар мо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод».
Ҷон Керри дар навбати худ аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла чунин гуфт: «Ҷаноби Президент, ман аз қабул ва истиқболи гарму самимии Шумо миннатдорам.
Ман имрӯз ниҳоят хурсандам, ки бо Шумо мулоқот мекунам. Инчунин аз он қаноатманд ҳастам, ки имрӯз дар бораи натиҷаҳои вохӯрӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як хулоса меоем.
Барои ман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштан боиси хушнудист. Бесаброна интизорам, ки дар ин мулоқот бо Шумо масъалаҳои барои ҳар ду тараф судманд ва мубрамро муҳокима намоем.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол, ки барои ҳалли масъалаҳои иқтисодии хеш талошҳо меварзад, мешиносад.
Мо минбаъд ҳам ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро идома медиҳем. Ман фикр мекунам, ки ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабаб нест, зеро Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мо ниҳоят муҳим мебошад, зеро он ҳамсояи наздики Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст ва инчунин масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир вуҷуд дорад.
Ман омодагии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро дар самти баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ таъйид менамоям».
Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон арҷ гузошта, омода аст аз Истиқлолияти давлатӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он дастгирӣ намояд.
Зикр гардид, ки ҳоло равобити Тоҷикистону Америка дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, бахшҳои гуманитарӣ, маориф ва фарҳанг, беҳдошти аҳолӣ, амният, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ғайра бо дарназардошти манфиатҳои ҳар ду ҷониб ба таври самаранок рушд меёбанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Америка барои таҳким ва рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ собитқадамона талош хоҳанд варзид.
Дар мулоқот доир ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҳамчунин атрофи доираи васеи масоили минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
www.president.tj