Мулоқот бо Мудири кулли Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар

№ 05.11.2024

54115661052_1f6beed9f3_b04.11.2024 19.51

Кувайт

4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди кувайтии рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, иншооти бахши энергетика ва обёрӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.

Дар робита ба ин ба роҳбарияти Давлати Кувайт барои иқдоми ҷудо намудани 100 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи неругоҳи “Роғун” арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.

Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо, аз ҷумла дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф мувофиқи мақсад дониста шуд.

Оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ низ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.