Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) нуҳуми июни соли 2015 бо Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлуи Ҷумҳурии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Аз ҳамкории Тоҷикистон бо 23 ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва обрасонӣ изҳори қаноат карда шуд. Тавре зикр гардид, давоми солҳои 2010 — 2014 дар ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳо бо маблағи умумии 346 миллион доллари амрикоӣ тақрибан 100 лоиҳа дар Тоҷикистон амалӣ шудааст.
Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун бори дигар ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, ҳамзамон барои дар сатҳи баланд ва бо мудирияти мусоид ба роҳ мондани конфронси имрӯзаи байналмилалӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шуд, ки ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор дар фасли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об, энергетика, гармшавии иқлим ва таъмини рушди устувор, аз ҷумла аз тариқи истифодаи васеъ аз рушди «сабз», имсол дар иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню — Йорк иштирок намояд.
Ҳар ду ҷониб, бо дарназардошти таҷрибаи ғании ҳамкорӣ ва натиҷаҳои судманди ҳосилшуда, омодагии устувори худро ба густариши робитаҳои самарабахш дар оянда таъкид доштанд.
www.president.tj