Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи бисёрҷанбаи ду шарики стратегӣ баррасӣ шуд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Россия ва шахсан ба Владимир Путин барои дастгирӣ аз тадбирҳои амниятии Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябр ва ҳам барои фиристодани кумаки башардӯстона ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон арзи сипос намуд.
Владимир Путин бори дигар омодагии Федератсияи Россияро барои дастгирии ҳамаҷониба аз рушди Тоҷикистон таъкид дошта, аз ҷумла изҳор намуд, ки муносиботи Федератсияи Россияву Тоҷикистон бар иттифоқчигию баробарҳуқуқии ду ҷониб асос ёфтаанд. Аз ҳамгиройии мунтазам ва босамари ниҳодҳои корҳои хориҷӣ ва сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ҷараён гирифт, зикр гардид, ки Федератсияи Россия ҳамоно шарики рақами аввали сармоягузори Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро сармояи мустақими аз ин кишвар воридшуда баробар ба 1,2 миллиард доллари амрикоӣ аст. Ин рақам қариб ба нисфи ҳамаи сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон баробар мебошад. Соли 2014 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Россия дар муқоиса ба соли 2013-ум 38 фоиз афзудааст.
Ҳамзамон коҳиш ёфтани содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия зикр гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин раванд изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намуд, ки барои ислоҳи ин камбудӣ дар ҳудуди Тоҷикистон корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ба Федератсияи Россия таъсис ёбанд. Ҳамчунин бунёди марказҳои хизматрасонӣ, ворид намудани технологияҳои нав ва техникаю мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки имконоти беандоза зиёди рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, нақлиёт, энергетика, алоқа ва робитаҳои мустақими байни минтақаҳои ду кишвар бояд васеъ истифода шаванд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили беҳбуд бахшидани шароит барои муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Россия зоҳир гардид.
Аз он ки беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии камаҳамият аз ҳаққи воридшавӣ ба ҳудуди Россия маҳрум гардидаанд, изҳори нигаронӣ карда шуд.
Ҳамчунин масъалаи ба муддати то 90 рӯз дароз кардани муҳлати аз қайд гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз воридшавӣ ба ҳудуди Федератсияи Россия ба миён гузошта шуд.
Гуфтугӯйи судманд инчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгиройиҳои амниятию дифоӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Россия сурат гирифт.