Понздаҳуми июни соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи васеи мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё, ки дар рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд, арзи сипос намуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои густариши бештари ҳамкорӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ имкону захираҳои истифоданашуда дар Тоҷикистон фаровонанд.
Доир ба роҳҳои бунёди марказҳои омодагии олимпӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Чунонки таъкид гардид, дар марҳилаи аввал сохтмони панҷ адад чунин марказҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар мувофиқи мақсад аст.
Томас Бах ва Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ изҳор доштанд, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё минбаъд низ ба Кумитаи миллии олимпӣ ва варзишгарони Тоҷикистон тавассути саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти варзишӣ, таъмини таҷҳизоти зарурӣ, шиносонидан бо сиёсати олами варзиш ва ҳаракати ҷаҳонии олимпӣ ва ҷудо намудани идрорпулиҳо ба варзишгарони умедбахш дасти кумак дароз хоҳанд кард.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки варзишгарони тоҷик оянда дар бозиҳои олимпию осиёӣ ва дигар мусобиқоти ҷаҳонию минтақавӣ ба натиҷаҳои беҳтару бештар ноил мегарданд.
www.president.tj