Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

№ 21.07.2022

21 июли соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқоти дуҷониба оростанд.

Зимни он масъалаҳои рӯзмарраи рушду таҳкими ҳамкории ҳар ду кишвар дар ҳама арсаи манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сарони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки моҳи июни соли 2022 сурат гирифт ва ба муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории ҳар ду халқи бародар такони нав бахшид, муҳиму арзишманд арзёбӣ карданд.

Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва ҳамгироии амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ҳар ду  кишвар дар ҳама соҳа ва ба нафъи мардум баҳрабардорӣ кардан аз ҳама имконияти истифоданашуда изҳори омодагӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо низ баррасӣ гардиданд.

www.president.tj