Дувоздаҳуми ноябри соли 2015 ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот кард.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор дошт: «Имрӯз соҳаҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон рӯ ба афзоиш доранд. Мо аз сатҳи ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоямон низ қаноатмандем. Мубодилаи сафарҳои ҳайатҳои миёнипарлумонии ду кишвар ва иштироки онҳо дар кори конфронсу ҷаласаҳои ҳамдигар ба табодули таҷрибаи пешқадам мусоидат хоҳад кард».
Зикр гардид, ки ба наздикӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориро бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис дод.
Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ аз ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ, бахусус равобити миёни парлумонҳои ду кишвар бо итминон изҳор дошт, ки ин гурӯҳ метавонад барои ба сатҳи нав бардоштани ҳамкории миёнипарлумонӣ нақши муҳим дошта бошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни эътирофи зарурати ҳамкории байналмилалии парлумонҳои кишварҳои минтақа пешниҳоди ҷониби Покистонро дар мавриди созмон додани Парлумони Осиё ҷонибдорӣ менамояд. Татбиқи ин иқдом дар раванди табодули таҷрибаи пешрафта нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои вобаста ба вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла муноқишаҳои низомӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки барои амнияти кишварҳои минтақа мушкилоти нав ба нав эҷод менамояд, мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, таҳдиди гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» барои башарият ва дигар мавзӯъҳои муҳим баррасӣ шуданд.
www.president.tj