11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Сангвор ва иштирокдорони вохӯриро бо санаи муҳими таърихӣ – 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар зарфи беш аз сӣ сол барои пешрафту ободии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Сангвор корҳои назарраси бунёдкориву созандагӣ амалӣ карда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар ноҳияи Сангвор сохтмони 80 бинову иншоот пешбинӣ гардида, то ба имрӯз корҳо дар 30 иншоот ба анҷом расидааст.
Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии давлатии ноҳия андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки барои таъмини рушди ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1,1 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Дар ин давра танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ноҳия 850 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия 220 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шудааст.
Дар ноҳия барои бунёду барқарорсозии иншооти маорифу тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ, беҳтар намудани сифати роҳҳо, рушди соҳаи кишоварзӣ ва барқарорсозии инфрасохтори деҳот то ба ҳол 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло татбиқи боз 3 лоиҳа идома дорад. Инчунин, дар ин давра ба ноҳия ба маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Президенти кишвар иброз доштанд, ки илова ба ҳама тадбирҳо, дар ноҳия барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои 2021 — 2025-ум амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи он 174 лоиҳа ба маблағи умумии 148 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, то имрӯз 53 лоиҳа ба маблағи 71 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки дар ноҳия ҳамагӣ 5 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд ва ин ба ҳадафи саноатикунонии босуръат мутобиқат намекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор карданд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва бунёди коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла зиёд кардани майдони кишти зироатҳо, боғҳо ва саршумори чорво, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳа супориш доданд, ки дар самти истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯйӣ намоянд.
Дар суханронии худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин вазъи рушди соҳаҳои нақлиёт, маориф ва тандурустиро дар ноҳияи Сангвор таҳлилу баррасӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ба аҳли ҷомеаи ноҳия муроҷиат намуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд, ки дар шароити пурҳаводису мураккаби ҷаҳони муосир бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба тарбияи фарзандон, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонидани онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Дар фароварди суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ иброз доштанд, ки роҳбарият ва тамоми сокинони ватандӯсти ноҳия донишу таҷриба, малакаи касбӣ ва саъю кӯшиши худро барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар равона месозанд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ сокинони ноҳия, кормандони касбу кори гуногун бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ карда, ба Сарвари инсондӯсташон барои таъмини шароити созгори кору зиндагӣ изҳори сипос намуданд