Мулоқот бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо

№148-149 (3628-3629) 03.12.2016

DSC_341530 ноябри соли 2016 дар шаҳри Будапешт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо мулоқот намуданд, ки дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи сафиронро ба барномаи «Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то давраи соли 2030» ва ҷалби ҳар чӣ бештари шарикони аврупоӣ ба татбиқи он ҷалб намуда, доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти иқтисоду савдо, илму фарҳанг, туризм, робита бо ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияҳои муосир аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо дастурҳои зарурӣ доданд.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки намояндагиҳои дипломатии кишвар дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон, бахусус Даҳсолаи нави байналмилалии «Об-барои рушди устувор» (2018-2028) бояд нақши муассир дошта бошанд, то ки дар ҳама сатҳ ҳамкориҳои густурда бо кишварҳои узви СММ ва сохторҳои дахлдори он, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи нав ба роҳ монда шаванд.

Ҳамчунин, тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои муосир, бахусус терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таъкид гардид.

www.president.tj