Мулоқот бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

№146-147 (3447-3448) 30.10.2015

12185399_918445578225629_8627308364257667180_oСубҳи 30 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои ширкат дар ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот атрофи масоили рӯзномаи ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таъсири манфии буҳрони иқтисодию молиявӣ ва сиёсию амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон таъкид дошт: «Ба андешаи мо, дар баробари нигоҳ доштани робитаҳои гуногунпаҳлу, ИДМ рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятиро бояд чун самти афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи худ муайян намояд».

Таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ дар шимоли Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва сарҳадоти ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зоҳир гардид.

Иштирокдорони мулоқот доир ба аксари масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунпаҳлу дар доираи ИДМ изҳори ҳамфикрӣ намуданд.

www.president.tj