Мулоқот бо Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистон ва тамошои мусаввараҳои рассомону наққошони Тоҷикистон

№93 (3394) 11.07.2015

19517535386_6128bba4a0_oНуҳуми июли соли 2015 дар шаҳри Уфа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия Рустам Хамитов мулоқот намуд.

Рустам Хамитов бори дигар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Уфа хайра мақдам гуфта, ба густариши робитаҳои мустақим бо Тоҷикистон ва минтақаҳои он изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари Бошқирдистон барои дастгирии пайваста аз фаъолияти Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ва ҳам таваҷҷуҳи хосаш ба мушкилоти шаҳрвандони кишвари мо дар Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия арзи сипос кард.

Тавре зикр гардид, Бошқирдистон яке аз аввалин субъектҳои Федератсияи Россия буд, ки бо Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта робитаҳои мустақими ҳамкорӣ ба роҳ монда буд.

Боздиди порсолаи Сарвари Бошқирдистон аз Тоҷикистон ва созмон ёфтани гурӯҳи корӣ аз ҳар ду ҷониб ба густариши робитаҳо заминаи воқеӣ гузоштааст.

Ташкил ва вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва коркарди ашёи хоми он дорои дурнамои умедбахш номида шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба омодагии Бошқирдистон ба баргузорсозии ҳамоишҳои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Хитой ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ободонии бештар ва муаррифии васеи шаҳри Уфа мусоидати фаъол хоҳанд кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия  Рустам Хамитов ҳамчунин намоишгоҳи мусаввараҳои рассомону наққошони маъруфи Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, зимни тамошо аз он ва зери таассуроти амиқ аз маҳсули ин ҳунарҳои воло доир ба ташкил ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди фарҳангӣ ҳам гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия Рустам Хамитов зимни тамошои намоишгоҳ чунин ибрози андеша кард: «Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар ҳамоишҳои сарони СҲШ ва БРИКС бо дастовардҳои пурарзиши фарҳангӣ ташриф овардааст».

Дар намоишгоҳ мусаввараҳои гирдовардаи коллексионери рус Юлия Вербитская аз эҷодиёти рассомони маъруфи тоҷик, аз қабили Зуҳур Ҳабибуллоев, Муриват Бекназаров, Акмал Миршакар, Сабзалӣ Шарипов ва дигарон намоиш дода шуд.

Тавре зикр гардид, ин намоишгоҳ дар доираи ҳамоишҳои БРИКС ва СҲШ аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамдастӣ бо раиси суди Третейии созмонҳои сохтмонӣ, коллексионери рус Юлия Вербитская зери унвони «Шедевры живописи горного края. Таджикистан. Пространство ШОС» таҳия гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин дӯстдори санъати тоҷик, коллексионери рус Юлия Вербитская барои таваҷҷуҳи хосааш арзи сипос намуда, ба ӯ мусаввараи «Манзараи кӯҳистон»-и Олим Рабиевро ҳадя намуд.

www.president.tj