Шоми 27 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Милали Муттаҳид бо Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте мулоқот намуд.
Дар мулоқот оид ба масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Нидерланд мубодилаи афкор сурат гирифт.
- Тоҷикистон ба густариши муносибатҳо бо Шоҳигарии Нидерланд манфиатдор мебошад ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз вазифаҳои умдаи сиёсати хориҷии мост, -гуфт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд низ ба густариши ҳамкории судбахш ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ кард. Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории мутақобилан судбахши Тоҷикистону Нидерланд фаровонанд ва барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо эҷоди заминаи мутаносиби ҳуқуқию қарордодӣ зарур шумурда шуд.
Тарафҳо чӣ дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва чӣ дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Аврупо дар масоили таҳкими амнияти минтақа, тақвияти марзҳо, ҷалби сармоя, ҳифзи муҳити зист, коҳиш додани камбизоатӣ, мудирият ва истифодаи захираҳои обу энергетикаи минтақа, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ ҷонибдори ҳамкории муассир буданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии вазорату идораҳои дахлдор барои истиқболи гурӯҳи ширкатҳои кишоварзии голландӣ, ки бо мақсади шиносоии имкониятҳои кишвар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меоянд, ёдовар шуда, гуфт, ки «ин сафари ширкатҳои кишоварзии шумо ба рушди муносибатҳои мо такони тозае хоҳад бахшид».
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили сиёсати ҷаҳонию минтақавӣ гуфтугӯ сурат гирифт.