Мулоқот бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир

№ 03.10.2024

54037863485_ecaca90523_b2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо муассисаи бонуфузи мададрасон баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон номида, бо итминон изҳор доштанд, ки ҳамкории кишвари мо ва Фонди Қатар оид ба рушд ба таври назаррас густариш хоҳад ёфт.

Ҷонибҳо оид ба сармоягузории Қатар ба соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон табодули андеша намуданд.

Ҷалби сармояи қатарӣ ба лоиҳаҳои истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, таъсиси корхонаҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ва оби мусаффои ошомиданӣ ба Қатар аз мавзуъҳои суҳбат буд.

Аз иштироки сармоягузорони қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои таҳкиму тавсеаи зерсохтори сайёҳӣ ва саноати дорусозӣ дар Тоҷикистон истиқбол карда шуд.

Таъкид гардид, ки таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки  Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд.

Тарафҳо ҳамчунин оид ба дигар самтҳои ҳамкории ояндадор гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.