Нимаи дуюми рӯзи 31 июли соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Йиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Хитой баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ва ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе зоҳир гардид.
-Муносибот бо Ҷумҳурии Халқии Хитой афзалияти доимии сиёсати хориҷии мо ва намунаи ибратбахши робитаҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аст, — изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин зикр гардид, ки «муносиботи ҳасанаи мо ба ҳамсонӣ ва наздикии мавқеъҳои ду давлат дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ ва ба мувофиқати қавлу амали мо дар масоили рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвар такя доранд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт: «Миёни мақомоти сатҳи олӣ ва баланди Тоҷикистону Хитой боварии амиқи дуҷониба, дӯстии самимӣ ва дастгирии ҳамдигар ташаккул ёфтааст ва мо ин ҳолатро гиромӣ медорем».
Чунонки зикр гардид, шарикии стратегии Тоҷикистону Хитой, ки як сол пеш эълон гардида буд, бо густариши робитаҳо ва ҳамкории амиқи судбахш дар амал эҳсос мегардад.
Тасмимоти басо муҳими дуҷониба, аз ҷумла доир ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Хитой тавассути қаламрави Тоҷикистон, оғози корҳо барои маблағгузорӣ ва сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ва қабули «Барномаи ҳамкории Тоҷикистону Хитой барои солҳои 2015-2020» намунаҳои пурарзиши шарикии стратегии ду кишвари дӯсту ҳамсоя номида шуд.
Ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, маориф ва илму техника табодули назар карда шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои судбахш миёни сохторҳои низомию амниятии ду кишвар дар самти нигаҳдории амну суботи минтақавӣ зоҳир гардид.
www.president.tj