Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон

№132 (3769) 11.11.2017

37551436924_fab4873f50_o 1Ҳаштуми ноябри соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина, аҳамияти ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ ва фарҳангиро, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, махсус таъкид карданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба масоили амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

 www.president.tj