Мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

№49 (3350) 04.04.2015

ОДКБ

Дуюми апрели соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба иҷрои қарорҳои ҳамоишҳои қаблии сатҳи олӣ, ба мувофиқа расонидани қарорҳои нав, ки дар ҳамоишҳои ояндаи сарони давлатҳо бояд қабул шаванд ва афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баррасӣ шуд.

Бино ба таъкиди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Кишварҳои аъзои СААД дар муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои иттилоотию кибернетикӣ, бояд мавқеи мушаххасу ҳамоҳангшуда ва механизмҳои зуд фаъолшаванда дошта бошанд».

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, аз ҷумла иҷрои қарори сарони давлатҳои аъзои СААД доир ба ин масъала, ки моҳи сентябри соли 2013 қабул шуда буд ва ҳамчунин мубориза бо таблиғгарони ғояҳои ба ном Давлати исломии Ироқу Шом ва пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонону наврасони ноогоҳ зоҳир гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои СААД дар роҳи муборизаи муштарак бо таҳдидҳои афзояндаи ин хатарҳо ва нигоҳ доштани фазои эътидолу субот дар минтақа муассиру судбахш хоҳад буд.

Хотиррасон бояд намуд, ки имсол раёсат дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро Тоҷикистон бар дӯш дорад ва ҳамоишҳои ҳамаи сатҳу зинаҳои он таҳти раисии мақомоти кишвари мо ҷараён мегиранд.

www.president.tj