Мулоқот бо вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ

№77(3378) 06.06.2015

армияСубҳи чоруми июни соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии худ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

 

Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси амалкунандаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз ҷумла изҳор дошт: «Бояд таъкид намуд, ки фаъолияти Шӯрои вазирони мудофиаи ин созмон ҳамеша мавриди дастгирии сарони давлатҳо қарор дорад ва мо аз сохторҳои дифоӣ кори бештар сайқалёфтаю ҳамоҳангшударо барои таҳкими амнияту суботи кишварҳоямон мунтазирем».

Гуфтугӯи судманд доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои терроризму ифротгаройии фаромиллӣ ва амалӣ намудани тадбирҳои муассири муштарак барои пешгирӣ аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, бахусус дар самти ҷануби он, сурат гирифт.

Изҳори бовар карда шуд, ки иҷрои пурра ва босифати қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир ба расонидани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон яке аз тадбирҳои муассири пешгирикунанда аз хатарҳои эҳтимолӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин доир ба масоили афзалиятноки раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули назар сурат гирифт.

www.president.tj