Ҳамеша пуштибони мавқеи Тоҷикистон ҳастем

№45-46 (3030-3031) 12.04.2013

Зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Ҳерман ван Ромпей аз мулоқотҳои қаблии худ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, онро пурнатиҷа арзёбӣ кард. Мавсуф шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба Президент ва мардуми Тоҷикистон таҳният гуфта, ин омилро дар самти рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва тақвияти ҳар чӣ бештари муносиботи иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо муҳим хонд.

«Иттиҳоди Аврупо дар самти татбиқи лоиҳаҳои зиёди иҷтимоӣ ва рушди бахши хусусӣ бо Тоҷикистон ҳамкориҳои босамар дорад», — иброз дошт Ҳерман ван Ромпей. Номбурда илова намуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар партави роҳандозии стратегияи нави худ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созишномаи ҳамкорӣ бо ин кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Бо ёдоварӣ аз баргузории интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳерман ван Ромпей таъкид намуд, ки интихоботи қарибулвуқуи президентӣ дар Тоҷикистон бояд инъикосгари омодагии кишвар баҳри таъмини демократикунонии ҷомеа ва бисёрандешии сиёсӣ дар ин кишвар бошад.

Ба қавли Ҳерман ван Ромпей тавлиди неруи барқ бо истифода аз захоири обии дохилӣ аз муҳимтарин масоили ин дидор буд.

Мавсуф густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амниятӣ бо кишварҳои ҳамҷавори Афғонистонро муҳим арзёбӣ кард.

Ҳерман ван Ромпей ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сатҳи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро дар маҷмуъ қаноатманд арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки Иттиҳоди Аврупо аз рӯйи нишондиҳандаҳои гардиши мутақобилаи мол дар қатори панҷ шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад. Сарвари давлат ҳамкории ҷониби Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупоро омили асосии рушди ҷомеаи демократии Тоҷикистон унвон карда, чунин илова намуд: «Мо стратегияи нави Иттиҳоди Аврупоро нисбат ба Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ намуда, изҳори умед менамоем, ки он дар самти густариши ҳамкориҳои минтақавӣ нақши ҳалкунанда хоҳад гузошт».

АМИТ «Ховар»