Қаноатмандӣ аз муколамаи сиёсии ду кишвар

№84-85 (3230-3231) 01.08.2014

Хулосаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров

 лавров

30 июли соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия баррасӣ шуд. Аз пайвастагии муколамаи сиёсии ду кишвар изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки имсол дар баробари сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия табодули сафарҳои раисони палатаҳои парлумонҳо ба кишварҳои ҳамдигар, ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, анҷумани соҳибкорон, Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва мулоқотҳои зиёди дигар дар сатҳу зинаҳои гуногун баргузор шуданд. Барномаи навсозии муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тасвиби санади дигари ҳамкории дуҷониба доир ба содироти маҳсулоти нафтии Федератсияи Россия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи содиротӣ низ ояндаи наздик ба нуқтаи ниҳоии худ мерасад. Ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки то охири соли равон барои муҳокимаи ин ва дигар масоили ҳалталаб ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардад.

Доир ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илму техника ҳам гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҳамчунин атрофи рӯзномаи ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҳамоиши ояндаи сарони давлатҳои аъзои ин созмон, ки аввалӣ пагоҳ ва дуввумӣ моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, табодули назар карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоишҳои мазкур ва натиҷаҳои онҳо ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла дар самти таҳкими амнияту субот дар қаламрави давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай нақши намоён хоҳанд гузошт.

Хотиррасон бояд намуд, ки имсол ҷаласаю ҳамоишҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳамаи сатҳу зинаҳо таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад, зеро раисӣ дар ин созмон имсол бар зиммаи давлати мо аст.

Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба масоили ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, аз ҷумла доир ба расонидани кумакҳои техникӣ ба неруҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зоҳир гардид.

www.president.tj