Арзи сипоси роҳбарияти ИМА ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон

№59 (3205) 05.06.2014

IMG_0546

Шашуми июни соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвалро, ки барои иштирок дар машваратҳои  сиёсии солона миёни Тоҷикистону Амрико ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи бештар ба масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ, хусусан ба дурнамои вазъи минтақа пас аз хурӯҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, зоҳир гардид.

Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ёдоварӣ аз нақши муҳими Тоҷикистон дар нигаҳдории амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пуштибонии он аз неруҳои байналмилалӣ дар эътидоли вазъи иҷтимоию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон аз номи роҳбарияти кишвари худ арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Ниша Десай Бисвал омодагии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба дастгирии неруҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории фаромиллӣ таъкид намуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, маорифу тандурустӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон сурат гирифт.

www.president.tj