Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 11 сентябри соли 2014 Мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азизро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.
Роҳҳои таҳкими ҳамгироии иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, мусоидат ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Таъкид гардид, ки ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла тавассути хати барқии CASA-1000 ба манфиати ҳар ду кишвар ва ҳам Афғонистон аст.
Ҳар ду ҷониб ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба густариши робитаҳои миёни сохторҳои хусусии ду кишвар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои ҳамоиши навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай дар сатҳи олӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.
www.president.tj