Ба ҳамкории судбахш бо Хитой суръати бештар дода мешавад

№56-57 (3357-3358) 20.04.2015

Каб-Намояндагони Хитой

Бистуми апрели соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котиби Кумитаи ҳизбӣ-роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Халқии  Хитой Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Хитой, ки дар ҳамсоягии кишвари мо қарор дорад, баррасӣ шуд.

Чжан Чунсян аз боздиди худ аз корхонаю муассисаҳои муштараки ду кишвар дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон гузориш дода, аз суръат ва сифати кори пурсамари онҳо изҳори хушҳолӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои муносиботи кунунии Тоҷикистону Хитой изҳори қаноат карда, ҳамзамон изҳор дошт: «Мо азм дорем, ки ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши худ бо Хитой суръати бештар бахшида, онро ба сатҳи сифатан боло барорем».

Барои ин бо сифати баланд таҳия намудани Барномаи нави ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой зарур шумурда шуд, зеро муҳлати барномаи амалкунанда имсол ба анҷом мерасад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки саҳми Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғур дар ҳаҷми гардиши моли миёни Тоҷикистону Хитой 78 фоизро ташкил медиҳад.

Ба нақши гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу ҳам баҳои баланд дода шуд, зеро ҳаҷми боркашонӣ аз ин роҳ тайи даҳ соли охир 35 баробар афзуда, ба ҳаҷми боркашониҳои хориҷии роҳи оҳани Тоҷикистон баробар шудааст. Дар робита ба ин тамоюл зарурати навсозии роҳи мошингарди Хоруғ-Кулма ба миён гузошта шуд.

Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва илму фарҳанг сурат гирифт.

www.president.tj