Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистонро ба ҳузур пазируфт

№47 (3032) 16.04.2013

IMG_0106Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли ҷорӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Адилбек Ҷаксибековро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба амнияту суботи минтақа, авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба табодули донишу таҷрибаи низомиёни ду кишвар, ба роҳ мондани машқҳои муштараки ҳарбӣ ва омодасозии кадрҳои афсарӣ сурат гирифт.

www.president.tj