Гуфтугӯйи судманд бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин

№126 (3111) 08.10.2013

1

Ҳафтуми октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкинро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доир ба паҳлӯҳои гуногуни муносибатҳои бисёрҷанба ва ҳамкории судбахши ду кишвар гуфтугӯ сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Россия барои Тоҷикистон ҳамшарики стратегӣ ва кишвари аз ҳама ҷиҳат басо наздик аст ва мо бо он ҳазорон пайвандҳои ногусастанӣ дорем».

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро қариб 240 санади дуҷониба ташкил медиҳад ва 30 санади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Таъкид гардид, ки санади дуҷонибаи ба тозагӣ батасвибрасида дар бораи тамдиди муддати будубоши пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Россия ва содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Россия ба Тоҷикистон ба нафъи ҳар ду кишвар ва таҳкими муносиботи стратегии онҳо хизмат хоҳанд кард. Ба муҳлати то 15 рӯз дароз карда шудани муҳлати будубоши беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз ворид шудан ба қаламрави Россия ва ба муддати то се сол дода шудани иҷозатномаи кор ба муҳоҷирони корӣ дастоварди мувофиқати муҳим номида шуд.

Барои афзоиш додани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Россия, ки рӯй ба коҳиш овардааст, аз ҷумла фаъолияти бештари Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва ба кор даровардани дигар омилҳои муассир зарур шумурда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои мустақими минтақаҳои Тоҷикистон бо зиёда аз 80 субъекти минтақавии Россия ёдовар шуда, аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Дар ин кор Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» намоён ва арзандаи таҳсин аст».

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф ва фарҳанг низ зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj