Гузориш аз ҷараёни мулоқотҳои Сарвари давлат

№114 (3099) 14.09.2013

12-13 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек пеш аз оғози ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд мулоқот намуд.

2 

12 сентябри соли 2013  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин мулоқоти судманди дуҷониба анҷом дод.

Дар мулоқот паҳлуҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки моҳи майи соли равон ҷараён гирифта буд, аз баромадани муносиботи ду кишвар ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ изҳори қаноат карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой доир ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон- Хитой аз тариқи қаламрави Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард.

Ҷоннок намудани корҳо барои таҳия ва пешниҳоди барномаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар барои солҳои наздик зарур шумурда шуд.

Густариши робитаҳо дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай аз самтҳои афзали муносиботи Тоҷикистону Хитой номида шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамгиройии дуҷониба ва бисёрҷониба барои мусоидат ба эҳёи иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон,  мубориза бо падидаҳои терроризму ифротгаройӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «Яке аз беҳтарин роҳҳои эҳёи амну субот дар Афғонистон афзун намудани ҳамкории иқтисодӣ бо ин кишвар ва ҷалби ҳар чӣ бештари он ба лоиҳаҳои минтақавӣ мебошад». Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки «мардуми Афғонистон бояд дар симои мо дӯстони самимӣ ва шарикони боэътимодро бубинад.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват намуд, ки барои таъмини густариши бештари робитаҳои ду кишвар ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин як созишномаи байниҳукуматӣ доир ба кашидани лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Хитой аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.

Тавре иттилоъ доданд, масофаи ин лӯла дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 400 километрро ташкил дода, то охири соли 2016 бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Бо он ҳар сол 25-30 миллиард метри мукааб гази табиӣ аз Туркманистон ба Хитой интиқол дода хоҳад шуд.

Татбиқи ин лоиҳа боиси ҷалби беш аз се миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақими Хитой ба иқтисоди Тоҷикистон хоҳад шуд. Ғайр аз ин, барои кашидани ин лӯлаи газ ва хизматрасонии ояндаи он корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой таъсис дода мешавад, ки дар он садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

***

Зимни вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев  масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

3

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз ҷиҳати ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо Тоҷикистон Қазоқистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ пас аз Россия дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз заминаи қавии қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар таъкид гардид, ки имконоти истифоданашуда барои густариши бештари робитаҳо ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки имконоти Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон бояд ҳар чӣ зудтар фаъол карда шавад. Фаъолияти бештари Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ низ матлуб дониста шуд.

Бо таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба сафари расмии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон ва баргузор намудани нахустин ҷаласаи Шӯрои олии ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ дар шаҳри Душанбе изҳори боварӣ карда шуд, ки он ба густариши робитаҳои судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба соддагардонии фазои ҳуқуқии будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, маориф, илму фарҳанг ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

***

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили гуногуни вобаста ба робитаҳои неки ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.

4

- Самимона орзумандам, ки сулҳ, субот ва пешрафти ҳамагонӣ дар Афғонистон ҳар чӣ зудтар таъмин гардад ва мо вориди марҳалаи нав дар дӯстии таърихӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар гардем, — изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ҳамкории хуби амниятӣ, сарҳадӣ ва низомии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Дар ин робита Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Мо метавонем бо саъю талоши муштарак, бахусус дар мубориза бо террористон, ифротгароён, қочоқбарон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ марзи ду кишварро ба марзи мутмаини дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил диҳем».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳод намуд, ки «Шӯрои муштараки ҳамоҳангсози сохторҳои амниятӣ ва сарҳадии ду кишвар таъсис дода шавад».

Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика ва роҳсозӣ зоҳир гардид. Ҳар ду ҷониб ба тезондани корҳо доир ба бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, хатҳои интиқоли неруи барқ ва ба имзо расондани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

Ҳомид Карзай ба Эмомалӣ Раҳмон барои омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногуни Афғонистон дар Тоҷикистон ва изҳори омодагӣ барои густариши чунин ҳамкорӣ арзи сипос кард.

Ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон бо Россия, Хитой, Покистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо доир ба таҳкими амну субот ва таъмини тараққиёти бештари иқтисодӣ дар Афғонистон ва минтақа гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

***

 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрсоҳаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй карданд.

5

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Бо хушнудӣ аз афзоиши сармоягузориҳои Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва таъсиси дигар ширкатҳои муштарак изҳори боварӣ карда шуд, ки ин кишвар дар бунёди дигар иншооти гидроэнергетикӣ ва саноатии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад.

Ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, хатти интиқоли неруи барқ ва лӯлаҳои об ва нафт миёни Тоҷикистону Эрон ва ҳамчунин роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Хитой низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҳар ду ҷониб ба баргузор намудани як ҳамойиши бузурги соҳибкорону тоҷирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе барои таъмини иштироки васеи ҷониби Эрон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунию минбаъдаи Афғонистон ва дигар мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

www.president.tj