Бегоҳии рӯзи 15 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки аз вазирони молия, фавоиди омма, раиси Идораи роҳи оҳан ва дигар шахсони расмӣ иборат аст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба роҳҳои татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Афғонистон барои рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, ҳамлу нақлӣ ва ғайра баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба омода кардан ва ба имзо пешниҳод намудани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитии Тоҷикистону Афғонистону Покистон, татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни ду кишвари ҳамсоя зоҳир гардид.
Зимни суҳбати созанда доир ба ин ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла интихоби масири роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, омодасозии кадрҳои роҳи оҳан барои ин кишвари ҳамсоя дар ҷумҳурии мо, афзоиши интиқоли неруи барқ ба он сӯйи рӯди Панҷ ва ғайра тавофуқоти муҳим ҳосил шуд.
www.prezident.tj