Шашуми сентябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир ва Вазири корҳои дин ва ҷомеа Баронесса Саида Варсиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.
Барои густариши бештари робитаҳои дуҷониба таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла ба имзо расондани лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ҳамчунин дар бораи алоқаи ҳавоӣ зарур дониста шуд. Таъкид гардид, ки чунин заминаи ҳуқуқӣ метавонад боиси ҳамкории бесобиқаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ гардад.
Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва иртиботот дорои дурнамои умедбахш номида шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгиройии ду кишвар барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба эҳёи иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон сурат гирифт.
www.president.tj