Мулоқот бо Бозор Собир

№65 (3050) 01.06.2013

Бозор Собир

30 майи соли 2013  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози суҳбат Бозор Собир, ки солҳои зиёд дур аз Тоҷикистон, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иқомат дошт, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири даъват барои бозгашт ба Ватан арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор дошт: «Шумо ҳамеша дар ёди мо будед ва ҳастед ва ин бори аввал нест, ки мо Шуморо ба Ватан даъват кардаем».

Зимни суҳбат доир ба имрӯзу ояндаи фарҳанги миллии Тоҷикистон, шеъру шоирӣ ва тақвияти пайванди наслҳо дар ин самти барои рушди арзишҳои волои миллию давлатдорӣ басо муҳим гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Тавре зикр гардид, Бозор Собир ин дафъа ба Ватан барои иқомати доимӣ баргаштааст.

www.prezident.tj