29 июли соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай Чжан Синфэнро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар самти ҳамоҳангсозии мубориза бо терроризму ифротгаройӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд.
«Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои худ, ки аз Конвенсияи Созмони Ҳамкории Шанхай доир ба мубориза бо терроризму ифротгаройӣ ва ҷудоихоҳӣ бармеояд, ҳамеша устувор аст ва барои таъмини амну суботи минтақавӣ бо ҳамаи шарикони худ ҳамгироии пурсамарро ба роҳ мондааст»,- гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Бо таваҷҷуҳ ба авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои он, аз ҷумла изҳор гардид, ки на танҳо бо худи терроризм, балки бо омилҳои ба он мусоидаткунанда низ мубориза бояд тақвият дода шавад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор дошт: «Кумак расондан ба Афғонистон дар роҳи табдил додани он ба кишвари орому осуда ва давлате, ки рушду тараққиёти худро бе истеҳсоли маводи мухаддир таъмин намояд, ба манфиати ҳамаи мо аст». Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, зоҳир гардид.
Чжан Синфэн ба ҷараёни раисии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва сохторҳои он баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки чораҳои дар ин сол амалишаванда ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, аз ҷумла дар самти муборизаи муштараки зиддитеррористӣ мусоидати фаъол мекунад.
Изҳори умед карда шуд, ки нақши сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай беш аз пеш боризу муассир мегардад.
www.president.tj