Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

№108 (3093) 29.08.2013

1277306_522975847772606_1217851994_o

Нимаи дуюми рӯзи 27 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳамгиройии минтақавии кишварҳои аъзои он баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили таҳкими амнияту субот, аз ҷумла бо назардошти хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 зоҳир гардид.

Тавре зикр гардид, ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ дар иҷлосияи минбаъдаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Москва бояд баргузор гардад, муҳокима хоҳад шуд.

www.prezident.tj