Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

№18 (3164) 21.02.2014

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амният

20 феврали соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамаи масоили баҳсталаб бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ва бидуни истифода аз неру ҳалли худро меёбанд.

Дар робита ба дурнамои авзои Афғонистон таваҷҷуҳи асосӣ ба дастрас намудани кумаки ҳарбӣ-техникии қисме аз кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба неруҳои марзбони Тоҷикистон зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj