Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Иёд Амин Маданӣ

№125-126 (3271-3272) 28.10.2014

6110

Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии Анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории ИсломӣҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷ нафар иштирокдорони воломақоми ин ҳамоишро ба ҳузур пазируфт.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Иёд Амин Маданиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони Ҳамкории Исломӣ баррасӣ шуд.

«Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори болоравии нақши Созмони Ҳамкории Исломӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои печидаи ҷаҳони ислом пайваста кӯшишҳо ба харҷ медиҳад, буд ва мемонад»,- изҳор дошт зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Иёд Амин Маданӣ барои созмондиҳии бомуваффақияти Анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ба Сарвари давлат ва кулли масъулони Тоҷикистон арзи сипосу қадрдонӣ намуд. Изҳори бовар карда шуд, ки ин ҳамоиши бонуфуз натиҷаҳои назаррас хоҳад дод.

Ҳамчунин изҳори умед карда шуд, ки зарфиятҳои молиявӣ ва сармоягузории Бонки Исломии Рушд, Хазинаи ҳамбастагии исломӣ, Идораи махсуси кӯмакҳои башардӯстона ва дигар бунёдҳои мададрасон ҷиддан боло бурда мешаванд ва кишварҳои рӯй ба рушди мусулмонӣ аз кумакҳои бештари давлатҳои қудратманди ҷаҳони ислом баҳравар мегарданд.

www.president.tj