Мулоқот бо директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа

№117 (3102) 21.09.2013

1

19 сентябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба коҳиш додани таъсири манфии буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва ҷараёни ташхиси лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос намуда, ҳавасмандии Ҳукумати ҷумҳуриро ба густариши ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ таъкид дошт.

Сароҷ Кумар Ҷа ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба имконсанҷии иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» иттилоъ дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳисоботи марҳилаи заминавӣ ва якуми ин кор, ки ба ҷанбаҳои техникии лоиҳа дахл доранд, охири моҳи сентябри соли равон нашр мегардад ва моҳи октябр дар ҷаласаи машваратии намояндагони масъули ҳамаи кишварҳои манфиатдори минтақа бо иштироки коршиносони мустақил мавриди муҳокимаи ошкоро қарор дода мешавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки имконсанҷии иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоию экологии он дар сатҳи боэътимоди байналмилалӣ шаффофу воқеъбинона ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа анҷом дода мешавад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин оид ба оғози татбиқи лоиҳаи «CASA-1000» доир ба кашидани хати барқи 500-киловолта аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj