Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии нақлиётии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Вилям Фрейзер III

№149 (3134) 26.11.2013

IMG_1042

Бисту дуюми  ноябри  соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии нақлиётии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Вилям Фрейзер III — ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доир ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Ба дурнамои рушди вазъият дар Афғонистон ва минтақаи атрофи он пас аз соли 2014 таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дар робита ба транзити молҳои кишварҳои аъзои НАТО аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид дошт:  «Ҳукумати Тоҷикистон тибқи Созишномаи бо НАТО бастааш ба ин кор ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард».

Генерал Вилям Фрейзер III бо ёдоварӣ аз нақши муҳими Тоҷикистон ва мавқеи стратегии ҷуғрофии он дар Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Амрико минбаъд низ рушди идораи сарҳадот ва таъмини моддию техникии неруҳои марзбонӣ, сохторҳои амниятӣ, қудратӣ, хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавиро дастгирӣ хоҳад кард.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

www.president.tj