Мулоқот бо Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиер

№52 (3037) 29.04.2013

IMG_1021

27 апрели соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама, дар доираи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои пайвастаи Конфедератсияи Швейтсария аз рушди босуботи Тоҷикистон, аз ҷумла дар раванди омодагӣ ба ҳамроҳшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ёдовар шуда, ба роҳбарияти ин кишвари дӯст арзи сипос намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз муҳтавои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла дар се самти авлавиятноки фаъолияти он – сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ин созмонро «яке аз сохторҳои муҳими ҳамёрии бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ» номид.

Ба фаъолияти Гурӯҳи ҳамоҳангсози «Тоҷикистон -САҲА», Дафтари ин созмон ва Омӯзишгоҳи олии идораи сарҳадоти он дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.

Айвес Россиер аз нақши муҳими Тоҷикистон дар минтақа ва сарҳади тӯлонии он бо Афғонистони мавриди таваҷҷуҳи аҳли олам ёдовар шуда, таъкид дошт, ки Конфедератсияи Швейтсария дар доираи муносиботи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои бонуфуз аз Тоҷикистон, хусусан пас аз хурӯҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, пуштибонӣ хоҳад кард.

Айвес Россиер иттилоъ дод, ки навбати раёсат дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо соли 2014 ба Конфедератсияи Швейтсария мегузарад, аз ин хотир яке аз ҳадафҳои асосии боздиди ӯ аз Тоҷикистон омӯзиши бештари арсаҳои ҳамкорӣ бо ин кишвар ва ниёзмандиҳои он ба дастгириҳои байналмилалӣ мебошад.

Зимни суҳбати созанда ҳавасмандии устувори ду ҷониб ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид гардид.

www.prezident.tj