Сеюми апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ширкати «Хуасин»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Е Чинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба ҳамкории кунунӣ ва нақшаҳои ояндаи ин ширкат дар Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз сохтмони корхонаи дуюми ин ширкати азими Хитой дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иқтидори солонаи як миллион тонна семент ва 1000 ҷойи корӣ оғоз ёфт. Корхонаи якуми он бо ҳамин иқтидор ва ҳамин қадар ҷойи корӣ дар ноҳияи Ёвон фаъолият дорад. Ҳар дуи ин корхонаҳо бо саҳмгузории муштарак бо ширкати ватании «Ғаюрсемент» бунёд ёфтаанд.
Чунонки иттилоъ доданд, ин ширкатҳои Тоҷикистону Хитой минбаъд тасмим доранд, ки иқтидори Корхонаи сементи Ёвонро ба 1,4 миллион тонна расонанд ва боз як корхонаи дигари семент дар ноҳияи Данғара бо иқтидори 1,5 миллион тонна бунёд намоянд. Корхонаи Данғара низ бо харҷи 100 миллион доллари амрикоӣ бунёд меёбад ва дар он 1000 нафари дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Тавре таъкид гардид, дар сурати ба кор даромадани ду корхонаи нав қисмати зиёди маҳсулоти он ба хориҷи кишвар содир карда мешавад, зеро ҳаҷми истеҳсоли семент аз талаботи бозори дохилӣ хеле афзун хоҳад шуд.
www.president.tj