Дуюми октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федеративии Германия Михаэл Глосро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Германия, аз ҷумла робитаҳои рушдёбандаи миёни парлумонҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Бо таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Германия ҳар ду ҷониб дурнамои ин равандро умедбахш номиданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкории васеъ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, кишоварзӣ ва ғайра ба нафъи ҳар ду давлат ва шарикони минтақавии онҳо хоҳад буд.
Михаэл Глос изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Федеративии Германия ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон сидқан ҳавасманд аст.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
www.president.tj