Мулоқот бо муовини вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Мэн Хунвей

№128 (3274) 01.11.2014

30 октябри соли 2014  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой  Мэн Хунвейро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Хитой дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар доираи муносиботи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои таҳкими ҳамгироӣ дар мубориза бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир зоҳир гардид.

Дар ин робита мусоидат ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон низ аз мавзӯъҳои суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj