Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпур

№17 (3163) 18.02.2014

Эрон

 14 феврали соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпурро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи гуногунҷанба ва ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои рушду густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки ду кишвар дар бахшҳои гуногун зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва дигар масоили минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.

www.president.tj