Мулоқот бо муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов

№10 (3156) 28.01.2014

Шувалов (1)

24 январи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, бахши муҳоҷирати корӣ ва робитаҳои гуманитарӣ баррасӣ шуд.

Игор Шувалов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии ду кишвар маълумот дода, аз натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ кард.

Хотиррасон бояд намуд, ки қисме аз созишномаҳо дар бораи дароз намудани муҳлати будубоши Пойгоҳи низомии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон то соли 2042, содироти маҳсулоти нафтии Россия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи гумрукӣ ва содда намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Россия ба тасвиб расида, қисмати дигар дар арафаи тасвиб қарор доранд.

Тавре таъкид гардид, тибқи Созишнома дар бораи шароити кории шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар муҳлати иҷозатнома барои кор аз як соли ҳозира бояд то ба се сол дароз карда шавад.

Чунонки зикр гардид, мубодилаи санадҳо доир ба тасвиби ин созишномаҳо, ки аз оғози ба ҳукми қонунӣ даромадани онҳо башорат хоҳанд дод, ба наздикӣ аз ҷониби сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сурат хоҳад гирифт.

Зимни мулоқот бо ишора ба муносиботи стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Россия ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари ҳамкорӣ таъкид доштанд.

www.president.tj