Мулоқот бо Намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор

№87 (3072) 12.07.2013

IMG_0716

Даҳуми июли соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор Ари Айзенро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Ари Айзен ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи нави доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Айдин Биболовро шинос кард.

Зимни суҳбат доир ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, роҳҳои муассири дастгирии байналмилалии омилҳои рушддиҳанда ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли равон Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 7,5 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи таваррум 1,6 фоизро ташкил додааст.

Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки дар рӯ ба рӯйи буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва озуқаворӣ, иқтисодиёти Тоҷикистон барои кам кардани таъсири манфии беруна ба дастгирии байналмилалӣ ниёз дорад. Аз ин хотир, ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба идома ва густариши ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

www.president.tj