Мулоқот бо Николай Бордюжа

№161 (3146) 28.12.2013

Бордюжа

26 декабри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи бештар ба дурнамои авзои минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, ки дар соли 2014 ҷараён мегирад, зоҳир гардид. Дар робита ба ин мавзӯъ тезондани кӯмаки моддию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба неруҳои марзбон ва сохторҳои дигари дахлдори Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рӯзномаи ҳамоишҳои ояндаи сарони давлатҳои ин созмон ва масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj