Мулоқот бо ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Венкай Жанг

№32-33 (3333-3334) 07.03.2015

16091335194_864e7b6d7c_o

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чоруми марти соли 2015 ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Венкай Жангро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, бахусус барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои буҳронии хориҷӣ, баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон дар моҳи аввали соли равон 5,1 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 2 банди фоизӣ кам аст.

Венкай Жанг изҳор дошт, ки Бонки Осиёии Рушд ҳамоно дастгирии худро аз рушди босуботи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла барои татбиқи босамари чораҳои Ҳукумати кишвар барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ, идома медиҳад.

Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки тайи солҳои ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон тақрибан 1,3 миллиард доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст. Ҳоло ба маблағи зиёда аз 600 миллион доллари ИМА лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, молияи давлатӣ ва ғайра мавриди татбиқ қарор доранд.

Атрофи лоиҳаи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд барои солҳои 2016-2020, ки асосан масъалаҳои беҳтар намудани шабакаҳои роҳу нақлиёт, амнияти энергетикию озуқаворӣ, дастрасӣ ба оби тоза ва хизматрасонии иҷтимоӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавиро бояд дар бар бигирад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки Осиёии Рушд барои дастгирии доимӣ ва бахусус барои пуштибонӣ аз лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон – Туркманистон арзи сипос намуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари пешниҳодшуда низ мавриди дастгирӣ қарор гирифта, тадриҷан дар амал татбиқ мешаванд.

www.president.tj