Мулоқот бо Президенти Чехия Милош Земан

№14 (3160) 11.02.2014

чехия с

 Ҳафтуми феврали соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия бо Президенти Чехия Милош Земан мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Ҳар ду ҷониб аз пайвастагӣ ва судбахшии робитаҳои сиёсӣ изҳори хушӣ карда, ҳамзамон ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо таъкид доштанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Президенти Чехия ба Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли равон бояд ҷараён бигирад, ба рушди бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Милош Земан аз сафарҳои пешини худ ба шаҳри Душанбе гарму самимӣ ёдовар шуда, чунин изҳор дошт: «Бо майли том бори дигар аз ин шаҳри зебо дидан карда, ба густариши робитаҳои судбахш асос мегузорад».

Тавре зикр гардид, дар доираи ин сафар таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ тавассути ба имзо расонидани як зумра санадҳои нав дар назар аст. Дар доираи омодагӣ ба ин сафар мулоқотҳои сершумори дигар дар сатҳи вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкории ду кишвар ҳам ба нақша гирифта шудааст.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳамгиройии минтақавӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

www.president.tj