Чоруми августи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ вориди шаҳри Теҳрон шуд.
Пас аз чанд лаҳзаи ба шаҳри Теҳрон расидан Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ мулоқот намуд.
Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳасани Рӯҳониро бори дигар ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону Эрон минбаъд таҳкиму густариши бештар пайдо мекунанд.
Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва энергетикӣ зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолияти пурсамар доранд ва раванди воридшавии сармояи мустақими эронӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурии мо рӯй ба густариш дорад.
Ҳавасмандии устувор ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ, аз қабили бунёди роҳи оҳан ва кашидани лӯлаҳои оби нӯшокӣ, нафт ва хатти интиқоли неруи барқ миёни Тоҷикистону Эрон таъкид гардид.
Баррасии масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои илму техника, маориф ва фарҳанг низ аз мавзуъҳои асосии суҳбат буд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба мавзуъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва ҳамгиройӣ дар пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳасани Рӯҳонӣ даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Ҳасани Рӯҳонӣ даъватро бо хушнудӣ пазируфта, таъкид дошт, ки дар наздиктарин фурсати муносиб ба Тоҷикистон ташриф меорад.
www.president.tj