Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов

№107 (3253) 16.09.2014

турмен

Нимаи дуюми рӯзи 12 сентябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе иштирок дошт, мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои ҳамкорӣ ва тавофуқоти қаблии ду ҷониб, аз ҷумла доир ба тезонидани сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, зоҳир карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар сурати истифодаи самарабахш аз имкону захираҳои мавҷудаи ҳамкорӣ робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон метавонад ба маротиб афзун гардад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

www.president.tj