Мулоқот бо Ричард Ҳоуглен

№19 (3165) 25.02.2014

IMG_0334-Мулокоти Э.Рахмон бо Ричард Ҳоуглен.24.02.14

24 феврали соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Ҳоугленро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Амрико ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва пайомадҳои хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар зоҳир гардид.

Мусоидат ба беҳсозии фазои ҳуқуқии сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи давлатию хусусии Амрико ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла CASA-1000 низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.prezident.tj