Мулоқот бо роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор

№45-46 (3030-3031) 12.04.2013

Ҳаштуми апрели соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вобаста ба имконият ва шароити дохилию минтақавӣ ва ҳамчунин бо назардошти тавсияҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор, дар ҷараёни татбиқ қарор дорад.

Бештар ба масоили омодасозии нақшаи нави ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор барои се соли оянда мароқ зоҳир карда шуд.

Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба идомабахшӣ ва таҳкими ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

 

www.prezident.tj