Панҷуми июли соли 2013 дар шаҳри Қӯрғонтеппа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати расмии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Халқии Хитой Чжао Ҷиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Хитой баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои сершуморе, ки миёни ду кишвар дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, зоҳир гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ба сатҳи шарикии стратегӣ расидани муносиботи Тоҷикистону Хитой оғозбахши марҳилаи сифатан нави робитаҳои гуногунпаҳлуи ду ҳамсояи дӯсту бародар мегардад.
www.president.tj